Рустами Эмомалӣ сокинони кишварро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон паёми шодбошӣ ироа намуд.
Ӯ таъкид кард, ки кӯдакон сарвати бебаҳо ва ояндаи миллат буда, дар Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Рустами Эмомалӣ зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои муҳим дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, тандурустӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳниву маънавии насли наврас амалӣ гардидаанд.
Дар паём ҳамчунин аҳамияти тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва илмомӯзӣ таъкид шуда, ба ҳамаи кӯдакони кишвар саломатӣ, хушбахтӣ ва фардои дурахшон орзу карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ