Қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ДТТ
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои донишгоҳӣ баргузор гардид.
Тавре аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, дар маросим донишҷӯёне, ки дар самти илм, ихтироъкорӣ, инноватсия, фарҳанг ва ҳунар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо диплом, ифтихорнома, сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, дар озмуни донишгоҳии «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ – 2026» 33 нафар бо дипломҳои дараҷаҳои I, II ва III, сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар озмуни «Ихтироъкори ҷавон – 2026» 11 донишҷӯ барои пешниҳоди ғояҳо, ихтироот ва лоиҳаҳои эҷодию инноватсионӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, 2 донишҷӯи фаъоли донишгоҳ дар озмуни «Донишҷӯи сол – 2026» ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардиданд.

Дар баробари ин, ба 33 нафар иштирокчии фаъол ва ғолибони олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ сипоснома супорида шуд. Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 22 нафар донишҷӯи донишгоҳ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.


Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 донишҷӯ ба ҷойҳои дуюм ва сеюм сазовор шуданд. Ҳамчунин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 1 донишҷӯ ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни суханронӣ аз дастовардҳои донишҷӯён ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷавонони донишгоҳ бо донишу истеъдод, ташаббусҳои созанда ва фаъолияти пурсамари худ пайваста нуфузу мақоми муассисаро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ