Се нафар барои латукӯби ронандаи таксӣ ҷазо гирифтанд

Кормандони милитсияи пойтахт ду ҷавон ва як ноболиғро барои латукӯби як ронандаи таксӣ боздошт карданд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбарон пас аз истифода аз хизмати таксӣ ронандаро дар дохили нақлиёт мавриди латукӯб қарор додаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати Некрӯз Ҷалилов ва Иброҳим Ҳалимов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) парванда тартиб дода шуда, бо қарори суд ҳар ду ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуданд.
Ноболиғи иштирокдори ҳодиса бошад, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон ҷойгир карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *