Рушди иқтисоди рақамӣ дар меҳвари конфронси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ваҳдат
Дар шароите, ки иқтисоди ҷаҳон беш аз пеш ба технологияҳои рақамӣ такя мекунад, Тоҷикистон низ барои мутобиқ шудан ба талаботи замон тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин замина, 30 майи соли равон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ-заминаи асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳамоиш ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор шуда, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти рақамиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод.
Коршиносон ва иштирокдорони конфронс бар он назар буданд, ки маҳз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Таҳкими инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар соҳаҳои гуногун аз ҷумлаи дастовардҳое арзёбӣ шуданд, ки дар натиҷаи сиёсати давлат дар солҳои истиқлол ба вуҷуд омадаанд.
Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Исломбек Зоирзода зимни ифтитоҳи конфронс таъкид намуд, ки рушди иқтисоди рақамӣ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба рушди ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф, омор, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самти инноватсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон таъкид намуданд, ки рақамикунонӣ метавонад самаранокии идоракунӣ ва хизматрасониҳоро баланд бардошта, барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Яке аз масъалаҳои калидие, ки дар конфронс матраҳ гардид, омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои иқтисоди рақамӣ буд. Ба андешаи иштирокдорон, рушди босуръати технологияҳо тақозо мекунад, ки муассисаҳои таълимӣ барномаҳои омӯзишии худро мутобиқ ба талаботи нави бозори меҳнат такмил диҳанд ва ҷавононро ба фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ бештар ҷалб намоянд.
Коршиносон баргузории чунин ҳамоишҳоро барои мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои илмӣ ва ташаккули афкори нави инноватсионӣ муҳим арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, рушди иқтисоди рақамӣ на танҳо як зарурати технологӣ, балки омили муҳими таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ