Як ноболиғ дар Душанбе аз тарбияи волидонаш гирифта шуд

Кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ нисбати волидоне, ки ба таълиму тарбияи фарзанди худ беаҳамиятӣ зоҳир мекарданд, чораандешӣ намуданд.

Ба иттилои мақомот, волидайни ноболиғ Ш.Ҷ. на танҳо ба таҳсили фарзандашон бетафовут будаанд, балки барои рушди дурусти ӯ шароити зарурӣ низ фароҳам накардаанд.

Пас аз баррасии маводҳои пешниҳодшуда, Суди ноҳияи Фирдавсӣ бо татбиқи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки ноболиғ аз тарбияи волидон гирифта шавад.

Айни замон кӯдак дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе ҷойгир гардида, ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *