125-солагии Иброҳим Исмоилов. Чаро номи ашхоси таърихӣ аз лавҳаҳо меафтад?
Бо супориши Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон овардани мушти хоки қаҳрамонони миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва шахсияти номвар Нисор Муҳаммад ба оғӯши Ватан танҳо як иқдоми рамзии давлатӣ набуд. Ин амал як ташаббуси бузурги ватандорӣ, арҷгузорӣ ба фарзандони содиқи миллат ва эҳтиром ба таърихи пурифтихори тоҷикон буд. Ин воқеа ҳамзамон паёме равшан ба тамоми ҷомеа: хурду калон, ому хос аз он буд, ки миллате, ки таърихи худро фаромӯш мекунад, пояҳои маънавии худро заиф месозад.
Сабақи таърих
Миллате, ки аз гузаштааш нерӯ мегирад, шикастнопазир мемонад.
Тоҷикистони азизи мо низ соҳиби яке аз тамаддунҳои кӯҳантарин ва фарҳангҳои ғанитарини минтақа мебошад. Ин сарзамин фарзандонеро ба воя расонидааст, ки на танҳо барои миллати худ, балки барои тамоми Шуравии пешин, Осиёи Миёна хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Фаромӯш кардани номи чунин шахсиятҳо на танҳо беэҳтиромӣ ба гузашта, балки дар шароити имрӯз, ки роҳбарияти олии кишвар пайваста ба масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, як навъ беқадрӣ ба арзишҳои миллӣ хоҳад буд.
Яке аз чунин фарзандони фарзона Иброҳим Исмоилов мебошад. Номи ин сиёсатмадор ва давлатмарди баномус дар саҳифаҳои ташаккули Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Ӯ аз ҷумлаи он шахсиятҳое буд, ки дар бунёди сохторҳои нави давлатӣ, таҳкими ҳокимияти Шуравӣ дар Помир ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ниҳодҳои олии Осиёи Миёна нақши муҳим бозидааст.
Чеҳраи барҷастаи сиёсӣ
Давлату ҳукумат дар замони худ хизматҳои бузурги ӯро қадр карда, яке аз кӯчаҳои калонтарини шаҳри Хоруғ ва Осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ишкошимро ба номи ӯ гузошта буданд. Ҳамчунин, ҳанӯз соли 1961 ба яке аз мактабҳои калонтарини маркази ноҳия (ҳоло МТУ рақами 21) номи Иброҳим Исмоилов дода шуд.
Ин мактаб дар тӯли солҳои дароз яке аз ҷойҳои пурифтихори маркази ноҳия ба шумор мерафт ва ҳар як меҳмоне, ки вориди он мешуд, ҳамзамон бо зиндагинома, хизматҳо ва корномаи қаҳрамон ошно мегардид. Номи Иброҳим Исмоилов барои насли наврас на танҳо як навишта дар лавҳа, балки дарси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат буд.
Аммо имрӯз суоле ба миён меояд: чаро ҳоло аз лавҳаи мактаб танҳо рақам боқӣ монда, номи ин фарзанди содиқи миллат канор рафтааст? Инро чӣ гуна метавон фаҳмид: фаромӯшхотирӣ, саҳлангорӣ ё муносибати бетафовутона ба таърихи худ? Ин амал боиси нигаронӣ буда, куллан ба сиёсати имрӯзаи давлат дар самти эҳтиром ба таърих, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба чеҳраҳои барҷастаи миллат мухолиф менамояд.
Аз ҳамин ҷост, ки нопадид шудани номи Иброҳим Исмоилов аз пештоқи мактаб боиси таассуф ва нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Агар имрӯз номҳои фарзандони бузурги миллат аз лавҳаҳо пок шудан гиранд, фардо онҳо аз хотираи наслҳо низ дур хоҳанд шуд. Миллате, ки хотираи таърихии худро ҳифз намекунад, тадриҷан пояҳои маънавӣ ва худшиносии миллии худро заиф месозад.
Ин дар ҳолест, ки Иброҳим Исмоилов ҳамсаф, ҳампайкор, ҳамнишин, ҳамфикр ва ҳамзамони Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур – Қаҳрамонони Миллии Тоҷикистон буд. Ӯ низ ба мисли онҳо тамоми ҳастӣ, дониш, нерӯ ва ҷавонии худро барои бунёди давлатдории навини тоҷикон, таҳкими пояҳои ҳокимият ва пешрафти миллат бахшида буд. Аз ин рӯ, эҳтиром ба номи ӯ дар асл эҳтиром ба як давраи сарнавиштсози таърихи миллат ва ба тамоми насли фидоиёни роҳи давлатдории тоҷикон мебошад.
Аҳли илм, фарҳанг ва ҷамоатчигии кишвар умед доранд, ки имсол ҷашни 125-солагии Иброҳим Исмоилов ҳадди ақал дар сатҳи зодгоҳаш ноҳияи Ишкошим аз таваҷҷуҳ дур нахоҳад монд. Ҳатто агар як конфронси илмӣ, маҳфили ёдбуд ё нишасти хоксоронае баргузор гардад, ин худ нишонаи эҳтиром ба таърих ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони миллат хоҳад буд. Зеро насли ҷавон бояд донад, ки давлату миллат бо чӣ заҳматҳо ва ҷонинисориҳо бунёд ёфтааст.
Мо ҳақи маънавӣ надорем он фарзандони содиқи Ватанро, ки барои миллат ва давлат ҷони худро фидо карданд, ба фаромӯшӣ супорем. Ёди чунин шахсиятҳо моро водор месозад, ки таърихи худро бештар бишносем, қадри фарзандони фидоии миллатро донем ва дар назди хизматҳои онҳо сари эҳтиром фуруд орем.

ҲК Тоҷикистон, Шириншоҳ Шоҳтемур -Раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон ва Карамов
Маълумоти кӯтоҳ дар бораи Иброҳим Исмоилов
(Дар асоси таҳқиқоти шахсии муаллиф дар бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд ва Москва)
Иброҳим Исмоилов аз ҷумлаи он насли сиёсатмадороне буд, ки бо ормонҳои бунёдкорӣ ва пешрафти Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Ӯ соли 1901 дар деҳаи Нуди ноҳияи Ишкошим, дар хонаводаи хизматчии посгоҳи низомии Русияи подшоҳӣ ба дунё омадааст. Тақдир чунин орост, ки ҳамроҳи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мактаби русии назди отряди русҳо дар Хоруғ таҳсил намуд ва аз овони ҷавонӣ забони русӣ ва донишҳои замонавиро аз худ кард.
Аз соли 1918 худро ба гирдоби рӯйдодҳои замон партофта, ба нерӯҳои инқилобӣ пайваст. То соли 1923 дар сафи Артиши Сурх ва мақомоти ОГПУ фаъолият намуда, бо ҷасорат, ташкилотчигӣ ва садоқати худ миёни роҳбарони вақт обрӯи баланд пайдо намуд. Соли 1921 ӯро ба сафи ҳизби болшевикон қабул намуданд.
Иброҳим Исмоилов яке аз аввалин роҳбарони сохторҳои нави давлатӣ дар Помир ва Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни баланд фаъолият кардааст: аз раисии Кумитаи инқилобии волости Ишкошим ва Кумитаи иҷроияи ВМКБ то Комиссари халқии молияи ҷумҳурӣ ва Котиби дувуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон. Ҳамчунин дар сатҳи Осиёи Миёна ба сифати мудири Шуъбаи маданият ва тарғиботи Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ҲК(б) фаъолият бурдааст.
Солҳои таҳсил дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲК(б) дар Москва барои ӯ давраи камолоти сиёсӣ ва идорӣ гардид.
Ҳукумати вақт фаъолияти ӯро бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат қадр намуда буд.
Аммо мисли сарнавишти бисёре аз фарзандони содиқи миллат, зиндагии ӯ низ дар солҳои сиёҳи таъқиботи сталинӣ фоҷиабор анҷом ёфт. Соли 1937 ӯро боздошт намуда, соли 1938 ба қатл расониданд. Танҳо баъд аз гузашти солҳо, соли 1956 бегуноҳии ӯ расман исбот гардида, ном, ҳизбият ва мукофотҳои давлатии ӯ барқарор карда шуданд.
Қурбон АЛАМШОЕВ,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ