Хатлон

Хатлон: Фавти ду нафар дар ҳодисаҳои нохуш

Давоми се моҳи соли равон дар вилояти Хатлон дар истеҳсолот ду ҳодисаи нохуш рух додааст. Мутаассифона, дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки дар ду ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ду нафар фавтида, ду каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ӯ мегӯяд, ки дар натиҷаи хулосаи кормандони Раёсати мавриди назар беш аз 84 ҳазор сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ таъин карда шудааст.

“Мо пайваста баҳри пешгирӣ аз сар задани ҳодисаҳои нохуш корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Хушбахтона, сол то сол чунин ҳодисаҳо кам шуда истодаанд. Вале бо вуҷуди кам шудан, боз ҳам ҳодисаҳои гушношунид рух медиҳанд”,- меафзояд мавсуф.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *