Хатлон: Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо роҳпаймоии 15 000 нафар (суратгузориш)

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд.

Ба ифтихори ин рӯз роҳпаймоии оммавӣ доир гардид, ки 15 ҳазор нафар иштирок карданд. Иштирокунандагони роҳпаймоӣ бо шиору овезаҳо аз майдони «Ваҳдат» то ба сӯи майдони «Парчами миллӣ» рафтанд.

Яке аз рамзҳои асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол Парчами миллӣ аст. Бояд гуфт, ки Парчам 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд ва бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат аз соли 2009 ба ин тараф 24-уми ноябр Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *