Хатлон

Хатлон: Як шаҳру як ноҳия нақшаи андозро иҷро накарданд

Дар 11 моҳи соли 2022 нақшаи ҷамъоварии андозро дар шаҳри Норак ва ноҳияи Қубодиён пурра таъмин карда натавонистаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дигар шаҳру ноҳияҳо аз 100 то 130 дарсад нақшаро таъмин кардаанд.

Сангин Саидзода, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон гуфт, ки дар 11 моҳ ба ҷуз шаҳри Норак ва ноҳияи Қубодиён дар боқимонда 23 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нақшаи андоз пурра иҷро шудааст. Ӯ мегӯяд, ки шаҳри Норак 87 дарсад ва ноҳияи Қубодиён 99 дарсад нақшаро таъмин кардаанду халос. Аз ин ҳисоб ба буҷет наздики ҳашт миллион сомонӣ ворид нашудааст.

— Ноҳияи Қубодиён 464 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Норак зиёда аз 7 миллиону 495 ҳазор сомонӣ кам ворид кардаанд. Вале боқимонда 23 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба буҷет наздики 50 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барзиёд ворид карданд,- гуфт ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75