Хатлон: Як шаҳру ду ноҳия нақшаи андозро иҷро накарданд

Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз дар вилояти Хатлон бештар аз 101 дарсад иҷро шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳру ноҳияҳои Норак, Панҷ ва Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи ҷамъоварии андозро пурра таъмин карда натавонистаанд.

Сангин Саидзода — мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар панҷ моҳи соли 2022 нақшаи ҷамъоварии андоз дар умум барзиёд иҷро шудааст. “Ба ҷойи 800 миллиону 900 ҳазор сомонии пешбинишуда беш аз 813 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст”,- афзуд вай. Ӯ мегӯяд, ки 12 миллион сомонӣ нисбати нақша барзиёд ҷамъоварӣ шудааст.

Аммо дар ин мудат нақшаи се намуди андоз пурра иҷро нашудааст. Андоз аз арзиши иловашуда 99 дарсад, низомҳои махсуси андозбандӣ 96 дарсад ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 95 дарсад иҷро шудаасту халос. 

“Шаҳри Норак 70,5 дарсад, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 96 ва Панҷ 92 дарсад нақшаи ҷамъоварии андозро иҷро кардаанд. Сабабҳои пурра иҷро нашудани нақшаи андозро мо мушаххас намедонем. Беҳтар аст аз масъулини нозироти андози шаҳру ноҳияҳои зикршуда пурсед”,-таъкид кард вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *