Манзили Мулло Ҳайдар оташ гирифт

Дар манзили Ҳайдар Шарифзода, маъруф ба «Мулло Ҳайдар» — раиси Шӯрои уламо дар минтақаи Кӯлоб ва имом-хатиби масҷиди Имоми Аъзами он шаҳр, оташсӯзӣ рух додааст.

Як масъули Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб гуфт, ки ҳодиса нимарӯзи якшанбеи 28-уми май дар манзили ин рӯҳонӣ воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба «Пашшадара»-и шаҳри Кӯлоб, ба миён омадааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асари ин оташсӯзӣ се утоқи манзили Мулло Ҳайдар, ба таври комил сӯхтааст.Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳодиса замоне рух додааст, ки келини ин хонавода яхдонро қуфл зада ва аз хона берун рафтааст ва ба эҳтимоли зиёд сабаби ҳодиса сӯхта об шудани симҳои барқи яхдон будааст. Ба тахмини Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб, зарари ворида аз ин сӯхтор ба хонаи Мулло Ҳайдар, ҳудуди 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир комиссия ташкил шуда ва зарари ин сӯхторро муайян мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *