Дар Панҷ модару кӯдак аз гуруснагию ташнагӣ  мурданд

Як зани 39-сола ва кӯдаки 5-солааш дар ноҳияи Панҷ барои овардани чорвояшон ба саҳро рафта, роҳро гум кардаанд.

Ин занро баъди ду рӯз замоне пайдо карданд, ки фарзандаш аз беҳоливу гуруснагӣ алакай ҷон дода буд. Худи зан ҳам дар роҳ ба бемористон вафот кардааст.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин зану кӯдак соати тахминан ҳафти субҳи 26 май аз хона баромада, барои овардани чорвояшон ба саҳро рафтаанд, вале «бинобар сабаби роҳро гум карданашон, ду шабонарӯз ба хона барнагаштаанд.”Бино ба ин манбаъ, танҳо баъди ду рӯз дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ дар мавзеи Селдараи ҷамоати Нури Ваҳдат занро дар ҳолати вазнин ва фарзандашро алакай мурда пайдо кардаанд, вале ”дар вақти ба беморхона дастрас намудан зан низ дар роҳ ба ҳалокат расидааст.”Ноҳияи Панҷ дар ҷануби вилояти Хатлон дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст. Маркази ин ноҳия дар 117-километрии ҷануби шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ва 182-километрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон воқеъ шудааст.

Дар ноҳияи Панҷ, бино ба омори соли 2016, беш аз 108 ҳазор нафар, аксаран тоҷикҳову узбекҳо зиндагӣ мекунанд.

Ноҳияи Панҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар таъсис ёфт. Ин ноҳия солҳои 1931-1936 Бауманобод ва солҳои 1936-1963 Кировобод ном доштааст, иттилоъ медиҳад «Ахбор».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *