Хонаи Набиев сӯхт, ҳамсараш ҷон бохт

Сабабҳои марги Майрам Набиева, ҳамсари 80-солаи раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиевро бояд ташхиси тиббӣ маълум кунад.

Майрам Набиева рӯзи 28 декабр дар як сӯхтор дар манзилаш дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд ҷон бохт.

Шоҳидон мегӯянд, ҳаҷми сӯхтор бузург набуд ва ҳамагӣ як ҳуҷраи ҳавлии хонаводаи Набиевро фаро гирифта буд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасмим гирифтаанд ҷасади Майрам Набиева, ҳамсари Раҳмон Набиевро ба хотири муайян кардани сабабҳои маргаш ба ташхиси тиббӣ бифиристанд. Хешовандони Майрам Набиева умедворанд, ки ин ташхис зуд анҷом мешавад ва алакай рӯзи 29 декабр маросими дафни ҷанозаи ҳамсари президенти собиқи Тоҷикистонро доир хоҳанд кард.Манзили якқабатаи Набиевҳо дар маҳаллаи Себзор дар назди як роҳи калони мошинград воқеъ буда, алакай шумори бузурги наздикони ин хонавода бо шунидани хабари мусибати ба сари Майрам Набиева омада инҷо ҷамъ шуда буданд. Духтари Раҳмон Набиева – Мунаввара Набиева – низ алакай аз Душанбе расида омадааст, вале аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ кардааст.Яке аз хешовандони Набиевҳо гуфтааст, ки хона нисфирӯзӣ оташ гирифт ва дар замони ин ҳодиса Майрам Набиева дар хона танҳо будааст. Ба мушоҳидаи ӯ, ҳаҷми сӯхтор бузург набуд ва ҳамагӣ қисме аз як ҳуҷраи ин хона ба коми оташ рафтааст. Бино ба фарзияи пешакӣ, сабаби сӯхтор зоҳиран фаннӣ мебошад.Майрам Саидуллоевна Набиева соли 1937 ба дунё омадааст.Мақомоти сӯхторнишонии вилояти Суғд қаблан гуфтанд, ки рӯзи 28 декабр, соати 13:10 дар бораи сӯхтор дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ, 57, иттилоъ гирифтанд. Ин манзил ба хонаводаи президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев тааллуқ дорад.Набиев 11 апрели соли 1993 дар манзилаш, дар Хуҷанд вафот кард. Иллати расмии марги ӯ сактаи қалб гуфта мешуд.Аммо Майрам Набиева, ҳамсари Раҳмон Набиев ду сол пеш дар як мусоҳиба бо «Азия Плюс” фарзияи расмии марги ӯро зери шубҳа гузошта буд. Ӯ ҳамин тавр, гуфта буд, ки нафақаи президентии Раҳмон Набиевро ба онҳо намедиҳанд ва ӯ маҷбур шудааст, барои худ дар Русия нафақа дуруст кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *