Исмоил пеш аз худкушӣ ба модараш нома навишта буд

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба таҳқиқи қазияи ҳалокати як ҷавон шуруъ кардаанд, ки ҷасадаш 27 декабр аз лаби рӯдхони Душанбе пайдо шуд.

Як масъули Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 28 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи фарзияи тафтишот Исмоил Қурбонмадов даст ба худкушӣ задааст.

Ба қавли ин манбаъ, ки нахост исмаш нашр шавад, Қурбонмадов 27-сол дошта, соҳиби ду фарзанди ноболиғ будааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҷасади Исмоил Қурбонмадов баъд аз зуҳри 27 декабр дар назди рӯдхонаи Душанбе ё маъруф ба “Душанбинка” пайдо шуд.

Феълан таҳқиқи қазияро Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ пеш мебарад. Исмоил Қурбонмадов, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ будааст.

Дирӯз маълум шуд, ки Исмоил пеш аз марг ба модараш мактубе гузошта дар он гуфтааст, ки “очаҷон, зиқ нашавед, зиндагӣ ҳамин будааст.” Исмоил Қурбонмадов ҳамчунин ба ҳамсараш гуфтааст, ки метавонад шавҳар кунад, вале қабл аз шавҳар кардан кӯдаконашро ба модараш бидиҳад.

Ба гуфтаи мақомот, дар номаи пеш аз маргаш ҳеҷ ишорае ба сабаби худкӯшиаш накардааст.

Пайдо шудани ин ҷасад дар ҳолест, ки бар асоси ҳисобҳои расмӣ тақрибан ҳар рӯз дар Тоҷикистон як нафар қасди худкушӣ мекунад. Соли 2016 дар Тоҷикистон 603 нафар қасд ба ҷони худ кардаанд.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *