Ба 70 наздик шуду ақли Эшон надаромад

Вазорати дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ғайриоддии як наркобарони солхӯрда хабар дод. Шаҳрванди Афғонистон Эшони Саид валади Раҳматшо, ки рӯзи 23 декабр дар ҳудуди ҷамоати Нилванди ноҳияи Дарвоз бо 56 кило маводи мухаддир ба даст афтод, 67 сола аст.

Дар ин авохир ин солхӯрдатарин қочоқбари маводи мухаддир аст, ки дар Тоҷикистон дастгир мешавад.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 27 декабр дар барномаи телевизионии «Сипар” аз як мавриди ғайриоддии боздошти як қочоқбари солхӯрда хабар дод.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки кормандони раёсати кофтукови ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23 декабр дар ҳудуди ҷамоати Нилванди ноҳияи Дарвоз шаҳрванди 67-солаи Афғонистон Эшони Саид валади Раҳматшоҳ, соли таваллудаш 1950-ро дастгир карданд.

Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи ин марди 67-сола 54 килову 670 грамм афюн, наздики як кило ҳероин, 342 грамм бангдона ёфт ва мусодира шудааст.

Вазорати дохила дар гузоришаш мегӯяд, Эшони Саид валади Раҳматшоҳ бо роҳи пинҳонӣ ин миқдори махсусан бузурги маводи мухаддирро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода, мехост инҷо ба фурӯш бизанад ва фоида ба даст биорад, вале ин қасди ӯро кормандони милисаи Тоҷикистон барбод доданд.

Ба зидди ин «наркобарон”-и солхӯрда бо иттиҳоми қочоқи миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *