Турсунзода дар метрои Тошканд

Яке аз истгоҳҳои нави метрои Тошканд, пойтахти Узбекистонро ба шарафи шоири шинохтаи тоҷик истгоҳи Мирзо Турсунзода ном кардааст.

Ин истгоҳи нав дар хатти метро, ки ба самти ноҳияи Сергелии вилояти Тошканд сохта мешавад, соли 2019 ба истифода дода хоҳад шуд. Дар Душанбе баъди соли 2025 мехоҳанд ба сохтани метрои сабук оғоз кунанд.

Ширкати «Узбекистон темир йӯлларӣ”, ки умури метрои шаҳри Тошкандро низ дар ихтиёр дорад, яке аз истгоҳҳои нави ин метроро ба номи шоири шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода гузоштааст. Истгоҳи Мирзо Турсунзода яке аз 6 истгоҳи хатти нави метрои пойтахти Узбекистон аст, ки ба самти ноҳияи Сергелии вилояти Тошканд сохта мешавад.

Ойбек Худойқулов, сардори корхонаи давлатии «Тошкент метрополитени” ба хабаргузории русии «Спутник” гуфт, истгоҳи Мирзо Турсунзода соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Ойбек Худойқулов гуфт, хатти нави метро то минтақаи аҳолинишини Сергелӣ 7,1 метр тӯл дошта, аз истгоҳи Олмазор то Сергелӣ сохта хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар хатти Юнусободи метрои Тошканд боз ду истгоҳи нави Юнусобод ва Туркистон сохта хоҳад шуд. Ба гуфтаи сардори метрополитени Тошканд, ҳамчунин дар ин шабакаи метро сохтани ҳалқаи нави иборат аз 35 истгоҳ дар назар аст. Сохтмони ин ҳалқаи нави тӯлаи 52,1 километр бояд дар 5 марҳала анҷом шавад.

Хабари ба номи шоири тоҷик гузоштани номи истгоҳи метрои Тошканд дар ҳоле нашр шуд, ки равобити Узбекистону Тоҷикистон баъди солиёни «ҷанги сард” дар пайи даргузашти Ислом Каримов ва ба раҳбарии Узбекистон омадани Шавкат Мирзиёев рӯ ба гармшавӣ овардааст.

Метрои Тошканд, ки қадимтарин метрои Осиёи Марказист, тоза дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 40-солагиашро таҷлил кард. Ин метро дар ҳоли ҳозир аз се хатти Юнусобод, Чилонзор ва Узбекистон иборат буда, 29 истгоҳ ва 36,4 километр тӯл дорад.

Ба ғайр аз Тошканд, дар Осиёи Марказӣ Алма-Ато – бузургтарин шаҳри Қазоқистон низ соҳиби метрост, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сохта шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *