Хуросон: 124 қонуншиканӣ вобаста ба замин дар шаш моҳ

Дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Хуросон беш аз 120 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба замин ошкор шудааст. Мутаассифона, қонуншиканӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.

Маҳмадюсуфзода Муҳаммадисо, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Хуросон ба Pressa.tj гуфт, ки дар шаш моҳ дар ҳудуди ноҳия вобаста ба замин 124 қонуншиканӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, ки дар 7 ҳолат парванда барои баррасӣ ба мақомоти қудратӣ фиристода шудааст. “Боқимонда ҷарима шуданд”,- афзуд вай.

— Онҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд, 50 ҳазору 320 сомонӣ ҷарима шуданд. То имрӯз каме бештар аз 43 ҳазор сомонӣ ворид шудаасту халос,- афзуд мавсуф.

Ба таъкиди вай, дар ҳамин давраи соли 2021 дар ноҳияи Хуросон 105 қонуншиканӣ вобаста ба замин ошкор шуда буд.

— Майдони умумии заминҳое, ки шаҳрвандон худсарона ғасб кардаву иншоот сохтаанд ва ё кишти дуруст ба роҳ намондаанд, 46 гектарро ташкил мекунад. Барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ду маротиба бо сокинон вохӯрӣ гузаронидем. Давоми сол боз суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд,- гуфт ҳамсуҳбатамон.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.