Амонатбонк

Ифтитоҳи бинои филиали рақами 23-и Амонатбонк  дар Суғд

Дар маркази шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру навсозӣ бинои филиали рақами 23- и КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк”  дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросми ба истифода додани бино раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, роҳбарияти бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намояндагони ташкилоти қарзию молиявии вилоят иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки бинои мазкур дар гузашта ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт ва солҳои охир бо сабаби истифода нашудан куҳнаю фарсуда гардида буд. КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” иншоотро харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои замони имрӯз таъмиру навсозӣ намуд. 

Корҳои таъмиру навсозӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд иҷро гардид ва дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, аз ин пас хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Бинои нави филиал масоҳаташ бештар 3 ҳазор метри мурббаъ буда, дорои қариб 40 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки шароити мукаммал, аз ҷумла бунёд ва таъмиру навсозии биноҳои филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, таъмини ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ дар раванди беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ нашқши калидӣ дорад ва бо ин назардошт Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Амонатбонк, ки аз бонкҳои низмосози мамлакат ба ҳисоб меравад, дар вилояти Суғд нисбат ба дигар ташкилотҳои қарзию молиявӣ ба нишондиҳандаҳои назараси молиявӣ ноил гаштааст. Зиёд гардидани дорандогони кортҳои бонкӣ, пешниҳоди ҳарчи бештари қарзҳо, афзоиши пасандоз, интиқоли мабалағ ва тақвияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.       

Ҳоло дар филилали №23-и Амонатбонк дар вилояти Суғд 60 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи филиал ва марказҳои хизматрасонии “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 390 нафар занонону духтарон бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки ин нишондиҳанда 55 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *