Ихроҷи ҳашт дипломати Ҷопон аз Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз ихроҷи 8 дипломати ҷопонӣ аз Маскав хабар дод. Барои тарки онҳо аз ин кишвар муҳлат дода шуд.

Маскав ҳашт корманди сафорати Ҷопонро то 10-уми май дастур додааст, ки сарзамини Русияро тарк кунанд. Дар ин бора РИА «Новости» бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Рӯзи 27-уми апрел намояндаи сафорати Ҷопон дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки аз оғози амалиёти Русия дар Украина Токиои расмӣ роҳи ошкори душманонаи зидди Маскавро пеш гирифтааст ва ба вайрон кардани ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш пардохтааст.

«Апофеози ин хат ихроҷи ҳашт дипломати рус аз Ҷопон буд. Ҷониби Русия бо назардошти принсипи мутақобила тақозо кард, ки ҳашт корманди дипломатии Ҷопон то 10-уми май кишвари моро тарк кунанд»,- омадааст дар изҳороти вазорат.

Бино ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷӣ, масъулияти комил барои рушди чунин ҳодисаҳо танҳо ба дӯши Ҳукумати Ҷопон аст, ки ба ҷои нафъ даст кашидан аз равобити дӯстона ва созанда бо Русияро интихоб кардааст.

Ҳамзамон, Ҷопон ошкоро аз мавқеи гуруҳҳои низомии мавҷудааш дар қаламрави Украина пуштибонӣ ва ба режими Киев кумаки сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.