Интизориҳои мардум аз бозии Тоҷикистон дар муқобили Испания (Видео)
Дар давраи дуюми бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон дар гурӯҳи Е дастаҳои мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Испания рақобат хоҳанд кард.
Ин бозӣ рӯзи 31 октябр (рӯзи 1 ноябр соати 1.00 бо вақти Душанбе) дар варзишгоҳи Бразилия баргузор мешавад.
Дар бозии дигар дар гурӯҳи Е дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Камерун қувваозомӣ мекунанд.
Зимнан, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввал дастаи мунтахаби Камерунро бо ҳисоби 1 бар сифр мағлуб карда буд.
Сокинони Душанбе зимни суҳбат бо сомонаи Tajikistan Times ибрози умедворӣ карданд, ки футболбозони навраси тоҷик бар ин рақиби пурқуввати худ низ пирӯз хоҳанд шуд.
Шарҳ