Исломобод мизбони музокироти муҳими Эрон ва ИМА

Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон ба Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон хабар додааст, ки мақомоти ин кишвар рӯзи 10-уми апрел барои музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Исломобод сафар хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти сарвазири Покистон рӯзи 8-уми апрел иттилоъ дод, ки раҳбарони ду кишвар як гуфтугӯи 45-дақиқаии «гарму самимӣ» анҷом додаанд.

Шаҳбоз Шариф пас аз тамоси телефонӣ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт, ки «президент Пизишкиён иштироки Эронро дар музокироти оянда таъйид кард ва аз талошҳои Покистон изҳори сипос намуд».

Пештар сарвазири Покистон эълон карда буд, ки ҳайатҳои ИМА ва Эронро рӯзи 10-уми апрел ба Исломобод даъват кардааст, то «ҷиҳати дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ ва ҳалли ҳамаи баҳсҳо музокироти бештар анҷом диҳанд».

Хабаргузории нимрасмии Эрон “ИСНО” гузориш додааст, ки Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси парлумони ин кишвар раҳбарии ҳайати Эронро бар уҳда хоҳад дошт.

Ба иттилои манобеъ, эҳтимол Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар ин гуфтушунид Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА намояндагӣ кунад. Аммо ин маълумот то ҳол аз ҷониби ҳукуматҳои ИМА ё Эрон расман тасдиқ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *