Ҳушдори Кумитаи дин аз фиреби зоирон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим мегӯяд, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваъдаи адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, баъдтар фаҳмидаанд, ки ҳуҷҷатҳои онҳо қалбакӣ будааст.
Ба гуфтаи мақомот, миёнаравон бо таҳияи бейҷикҳои сохта зоиронро фиреб додаанд.
Ҳоло ин афрод дар Арабистони Саудӣ сарсон монда, аз Сафорати Тоҷикистон ва Кумитаи дин барои бозгашт ба Ватан кумак дархост кардаанд.
Кумита таъкид мекунад, ки муҳлати расмии омодасозии ҳуҷҷатҳои ҳаҷ барои соли ҷорӣ аллакай ба анҷом расидааст ва аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба чунин ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ