Шарҳи вазорати тандурустӣ дар бораи «Албендазол»
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаҳоро дар бораи гӯё бемор шудани хонандагон пас аз истеъмоли доруи «Албендазол» дар ноҳияи Фархор беасос номид.
Ба гуфтаи вазорат, дар муассисаҳои тандурустии ноҳия баъди истеъмоли ин дору ягон муроҷиат ё ҳолати нохуш ба қайд гирифта нашудааст.
Тақсими дору миёни хонандагони 7–14-сола дар муассисаҳои таълимӣ тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.
Ҳамчунин, баррасии навори паҳншуда нишон додааст, ки он на дар Фархор, балки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сабт шудааст. Ба иттилои табибон, духтари дар навор дидашуда аз дору не, балки аз диабети қанди навъи 1 ранҷ мебурдааст.
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба овозаҳои тасдиқнашуда бовар накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ