То сентябр 300 иншоот. Омодагии Бохтар ба ҷашни 35-солагии Истиқлол

Дар шаҳри Бохтар корҳои сохтмонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ босуръат идома дошта, ҳоло сатҳи иҷрои онҳо беш аз 84 дарсадро ташкил медиҳад. Масъулон нақша доранд, ки то моҳи сентябри соли равон ин нишондиҳандаро ба 100 дарсад расонанд.

Ба иттилои мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Эмомалӣ Юсуфзода, дар доираи барномаи панҷсола бунёди 300 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудааст. То имрӯз аз ин шумора 253 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар се моҳи охир як қатор иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, интизор меравад, ки то моҳи сентябр нақша пурра амалӣ гардад. Бо ба истифода додани иншооти нав беш аз 500 ҷойи кори нав таъсис ёфтааст.

Дар шаҳр барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар чанд мавзеъ гулгаштҳо ва ҷойҳои фароғатӣ бунёд гардида, сокинон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Бо мақсади таъмини амнияти шабона ва зебогии шаҳр, аксари кӯчаҳо бо чароғҳои муосир пурра равшаннамоӣ шудаанд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр Бохтар соҳиби рамзи махсус гардид. Ин иншоот, ки бо номи “Стеллаи Бохтар” маъруф аст, 22 метр баландӣ дошта, дар шоҳроҳи Душанбе–Бохтар ҷойгир мебошад. Атрофи он бо чароғҳои муосир оро ёфта, ба ҳусни шаҳр зебогии бештар зам мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *