Боздошти ҷавони 33-сола бо гумони куштори писархола

Мақомоти шаҳри Бохтар як ҷавони 33-соларо бо гумони куштори писархолааш боздошт кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, гумонбар Фаридун Ахмедов, сокини кӯчаи Маданияти шаҳри Бохтар аст.

Ба иттилои манбаъ, байни ӯ ва писархолааш Салмонхон Ширинови 40-сола, сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Кӯшониён, чанд вақт боз муноқишаи лафзӣ вуҷуд дошта, ба хусумат табдил ёфтааст.

Тибқи маълумот ҳодиса рӯзи 27 март дар манзили бобояшон, воқеъ дар кӯчаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар рух додааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша гумонбар кордро аз дасти ҷабрдида гирифта, 7 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ зарба задааст. Дар натиҷа, Салмонхон Ширинов дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳоло нисбати Фаридун Ахмедов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *