Ҷарима ва 12 шабонарӯз ҳабс. Боздошти блогерҳо барои наворҳои ғайриахлоқӣ

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе панҷ блогерро, ки ба гуфтаи мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам наворҳои ғайриахлоқӣ нашр мекарданд, боздошт намуданд.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ин афрод тавассути саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод ва наворҳое паҳн мекардаанд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ арзёбӣ шудаанд.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздоштшудагон тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳои маъмурӣ андешида шуда, ба онҳо ҷарима ва ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин гардид.

Дар хабар омадааст, ки ҳадаф аз чунин чорабиниҳо пешгирии паҳншавии муҳтавои ғайриахлоқӣ ва таъмини риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар фазои иттилоотӣ мебошад.

Ҳамзамон, мақомоти милитсия аз шаҳрвандон, бахусус истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват карданд, ки зимни фаъолияти интернетӣ меъёрҳои ахлоқӣ, фарҳанги муошират ва талаботи қонунгузориро риоя намоянд.

Таъкид шудааст, ки назорат аз болои муҳтавои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршаванда идома дошта, нисбати қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *