Шаҳноза Ахмедова соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» шуд
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардид.
Тибқи натиҷаҳои озмун, Шоҳҷоизаи фестивал ба тарроҳ Шаҳноза Ахмедова супурда шуд. Дар миёни минтақаҳо шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор бо ҷойи сеюм қадрдонӣ гардиданд.
Дар доираи фестивал ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзиро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чунин фестивалҳо барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, чорабинӣ ба муаррифии либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона равона гардидааст.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки фестивал дар 8 номинатсия баргузор шуда, беҳтарин тарроҳон, чакандӯзон, наққошон ва ҳунармандон муайян гардиданд.
Ба таъкиди масъулон, фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ