Сурайё Ҳакимова-қаламкаше дар масири шеър ва рӯзноманигорӣ (видео)

Имрӯз Сурайё Ҳакимова, адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик зодрӯз дорад. Ӯ 8 майи соли 1980 ба дунё омадааст.

Сурайё Ҳакимова факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм намуда, фаъолияти эҷодии худро соли 2004 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оғоз кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ, соли 2002 ба аспирантураи ҳамин донишгоҳ дохил шуда, дар мавзуи «Вижагиҳои иҷтимоии шеъри муосири тоҷикӣ» ба таҳқиқоти илмӣ машғул гардид. Ҳамон сол ба ҳайси омӯзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума фаъолиятро оғоз намуда, соли 2010 рисолаи номзадии худро дифоъ кардааст.

Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Сурайё Ҳакимова муаллифи чандин китобҳои адабӣ ва илмӣ, аз ҷумла, “Даричаи умед” (2010), “Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ” (2018), “Даст ба дасти орзу” (2019), “Чиҳил дарси Камол” (2020), “Зане, ки бо раҳи хуршед меояд” (2025)  мебошад.

Ҳамзамон, ӯ дар филми Тангно (Суғдсинамо, 2017) яке аз нақшҳои асосиро бозидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *