Маҳдудияти ҳаракати нақлиёти боркаш

Дар Тоҷикистон аз оғози фасли гармо маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷорӣ мегардад. Тибқи иттилои мақомот, ин тадбир бо ҳадафи ҳифзи роҳҳо аз фарсудашавии бармаҳал андешида шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, маҳдудият аз 1-уми июн оғоз шуда, то 31-уми августи соли ҷорӣ амал мекунад. Дар ин давра, ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа, ҳаракати мошинҳое, ки вазнашон аз 6 тонна зиёд аст, дар соатҳои рӯзона – аз 10:00 то 19:00 маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки маҳдудият дар роҳҳои байналмилалӣ ва магистралӣ, аз ҷумла:

Душанбе – Чаноқ

Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон

Душанбе – Қулма (самти Қароқурум, тавассути Кӯлоб ва Дарвоз)

Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Қулма

Душанбе – Бохтар – Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон)

Душанбе – Кӯлоб

Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон

ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (вилоятӣ ва байнишаҳрӣ) дошта ҷорӣ мешавад.

Чунин маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз осеб дидани қабати роҳҳо дар шароити гармии баланд роҳандозӣ мешаванд, зеро ҳарорати баланд метавонад ба сифати роҳҳо таъсири манфӣ расонад.

Дар баробари ин, барои баъзе навъи нақлиёт истисно пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ин маҳдудият ба мошинҳое, ки мусофирон, кумаки башардӯстона, маҳсулоти зудвайроншаванда ва дигар борҳои махсусро интиқол медиҳанд, татбиқ намешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе роҳҳое, ки дар рӯйхат зикр нашудаанд, маҳдудият метавонад нисбат ба нақлиёти аз 8 тонна боло низ татбиқ гардад.

Ёдовар мешавем, ки чунин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҳар сол ҷорӣ шуда, як тадбири муқаррарӣ барои нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои кишвар ба ҳисоб мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *