Туҳфаи Президент ба иштирокчии ҶБВ дар шаҳри Бохтар расонида шуд
Бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, роҳбарони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён ба дидорбинии собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Сафаралӣ Файзалиев рафтанд.
Ба Сафаралӣ Файзалиев ба 50 ҳазор сомонӣ кумакпулии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Инчунин аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон 15 ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Бохтар 10 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои идона супорида шуд.

Иброз гардид, ки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ҳифзи сулҳу озодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи имрӯз хизмати бузург анҷом додаанд ва роҳбарияти давлат ҷоннисориҳои онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) дар қайди ҳаёт мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ