Шиму костюм аз баракати Мирзо Турсунзода

Дар шумораи гузаштаи ҳафтаноми “Тоҷикистон” хотираҳои Бобо Тӯйчизодаро (аз Исфара) аз чор дидораш бо устод Мирзо Турсунзода хондаму ба ёдам як воқеаи ҷолибе расид. Банда ҳам як хотира аз ин шоири бузург дорам, ки онро ба шумо нақл мекунам.

Соли 1961 дар ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) дар шуъбаи алоқа ҳамчун телефонист кор мекардам. Тарзи кори мо дар комутатори саду даҳрақама чунин буд: мизоҷонро дар дохили ноҳия бо хости худашон ба ҳамдигар пайваст менамудем ва пас аз гуфтугӯ чароғак равшан мешуду онҳоро ҷудо мекардем; барои ба дигар ноҳия ё ба Сталинобод (Душанбе) пайваст шудан мо ба Тоҷикобод занг мезадем, агар линия банд набошад, Тоҷикобод моро ба ноҳияи Ғарм пайваст мекард, Ғарм ба Сталинобод ва АТС-и Сталинобод ба ҷойи даркорӣ. Ана мо ба ҳамин усул муштариҳоро ба ҳам васл мекардем.

Ҳамон соли 1961 ҳукумати ҷумҳурӣ 50-солагии устод Мирзо Турсунзодаро ба тайёрии хуб пешвоз мегирифт. Мо – телефонистони Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Ғарм бо ҳам маслиҳат карда, аз имконияти кориамон истифода бурда, пас аз рӯзи корӣ, ки линия сабуктар мешуд, устодро бо мавлудашон табрик карданӣ будем. Зеро ӯро бисёр дӯст медоштем. Чеҳраи гармаш ҳам ботабассум, сулҳпарварона, базеби қавӣ буд. Мо ҳамроҳи ӯ дар аробаи Ҳасан то Ҳиндустон, Африқо, аз Ганг то Кремл рафта омада, мехостем рӯзномафурӯши далер бошем…

Хулоса, бо усули дар боло зикршуда, ба устод занг задем. Маслиҳат шуда буд, ки суханҳои табрикиро Саидэҳсони тоҷикободӣ мегуфт ва моро муаррифӣ мекард.

Гӯшаки телефонро худи устод бардошта, гуфтанд:

– Лаббай, шуморо гӯш мекунам.

Мо ҳамаамон дар ҳаяҷон будем, Саидэҳсони нотиқ бошад, тамоман гунг шуда буд. Дигар ин ки, он замон, мо ҷавонони шуравӣ на ҳама маънои “лаббай”-ро медонистем.

Устод боз такрор кард:

– Шуморо гӯш мекунам.

Мо, ки аз имкониятҳои худ истифода бурда, бо канали «ВЧ правительственная» – яъне алоқаи баландсифати ҳукуматӣ ба хонаи устод пайваст шуда будем, садои ҷамъомади дӯстонро мешунидем. Устод як-ду бори дигар “ало, ало” гуфтанду ба назарам гӯшаки телефонро монданӣ шуданд. Ман ғайрат карда, гуфтам:

– Муаллим (он вақт ба бузургон чунин муроҷиат мекардем. Фақат Садриддин Айниро устод мегуфтанду устод Рӯдакиро), мо шуморо табрик кардан мехостем. Аммо аз ҳаяҷон ҳама суханҳоямонро гум кардем.

Устод бо завқ хандида, гуфтанд:

– Бисёр ташаккури самимӣ, сонӣ худро муаррифӣ кунед.

– Мо коркунони алоқаи ноҳияи Ҷиргатол, Тоҷикободу Ғарм мебошем,- гуфтам ман.

Камтар садо пасттар шуду овози устод омад. Маълум, ки ба меҳмонҳо муроҷиат кард.

– Витя, твои каратегинский нас всех поздравляют. Спасибо тебе,- гуфту дигарбора ба мо муроҷиат кард:

– Ин табрики шумо бисёр ҳам маро хушнуд кард. Ба қаротегиниҳо саломи маро расонед.

Пас аз ин, ришати суханро духтари ғармӣ – телефонисткаи райони Ғарм гирифта, бо суханони содаи лаҳҷавии худамон аз сидқи дил устодро табрик гуфт. Таъкид кард, ки устод Мирзо Турсунзодаро на танҳо дар Осиёву Африқо, балки дар баландтарин қуллаҳои кӯҳистони тоҷик низ дӯст медоранд.

– Фарзандонам, табрики беғаразонаи шумо дар мағзи дилам ҷо шуд. Ин барои ман ифтихори бузург аст. Табрики ҳамаатон қабул, махсусан, паёми шумо хонуми раштӣ.

Он вақт мо аз шодӣ сарамон ба осмон расида буд. Фикр ҳам накардем, ки Витя, ки устод дар байн бо ӯ суҳбат кард, кисту хонуми раштиаш чист. Баъдан, маълум шуд, ки Витя – вазири алоқаи Тоҷикистон, яъне вазири мо – Виктор Антонович Сайко будаасту ба қарибӣ фаҳмидем, ки мо раштӣ будаем…

Ҳамон сол дар раймаг (мағозаи марказии ноҳия) як шиму костюми чену маъқул омада буд, ки 46 рубл буд. Ман 52 рубл моҳона мегирифтам (як қопчаи орди 70 кг 18 сум буд). Он замон ин чизҳо камёфт буд. Бинобар ин, гоҳ-гоҳ хабар мегирифтам, ки касе онро нагирифта бошад.

Дар давраи Шуравӣ 1-уми май Иди байналхалқии меҳнаткашон бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд ва 2-3 рӯзи истироҳатӣ буд. Ҳамон соли 1961-ум 1-уми май рӯзи душанбе будааст. Рӯзи 4-уми май сардори мо акаи Ислом, ки пеш прокурори ноҳия буд, бо ҳамон ҷиготҳои дохтагии прокурориаш маҷлис даъват кард. Аз ҳар бахш 30-35 кас иштирок доштем. Пас аз саршавии маҷлис пурсид:

– Шаби якуму дуюми май кӣ навбатдор буд?

Мо хестем. Боз пурсид:

– Дар комутатор кӣ буд?

– Ман,- гуфтам.

– Дигарҳо шинед,- амр кард сардор.

Ман ташвиш шудам, ки ягон камбудӣ шудааст дар вақти кор.

– Ту кори дигар надорӣ, ки ба Мирзо Турсунзода занг мезанӣ?,- пурсид бо ҳамон ҷиддият.

Ман чизе гуфтанӣ шудам, ки дигар ба ман диққат надоду ба сармуҳосиб муроҷиат карда, гуфт:

– Шумо, Екатерина Ивановна, маблағи як моҳона…

Ман зиқ шудам, ки маоши маро мезананду шиму костюм аз даст рафт, вале сардор ба суханаш идома дод:

– Як моҳона ба ин кас мукофот нависед.

Сармуҳосиб баҳона пеш оварданӣ шуд, ки акаи Ислом гуфт:

– Сам приказал,- ва бо ангушташ ба боло ишора кард. Яъне вазир Сайко дастур дода буд.

Ҳамон рӯз ба ман 52 сум доданд. Рост рафта аз Универмаг шиму костюмро бо вешалкаҳояш (он замон он ҳам камчин буд) гирифта, дар 6 суми боқимонда барои коргарзанон шоколад гирифта, хурсандона омадам. Ва он либосро чанд сол, аз баракати як суҳбат бо устод Мирзо Турсунзода пӯшидам.

Иброҳимов Давлат Шокири Ясмандӣ,

сокини 85-солаи ноҳияи Рашт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *