Кор дар Ҷопон. Киҳо метавонанд ба ин кишвар раванд?
Ширкати ҷопонии “MAYA MIRAI” шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, коммуналӣ, хоҷагидорӣ ва хидматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо даъват кардааст. Дар ин бора Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат хабар медиҳад.
Талабот барои довталабон чунин аст:
– аз 18 то 50-сола;
– донистани забони ҷопонӣ дар сатҳи муошират;
– доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;
– доштани шаҳодатномаи касбӣ.
Маош аз 1500 доллар дар як моҳ оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон барои машварат ва сабти ном ба суроға ва рақамҳои зерин метавонанд муроҷиат кунанд:
– шаҳри Душанбе – кӯчаи Лоҳутӣ 108, 250-32-42, 221-39-67,
+992 555 55 10 80, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93, +992 906 88 93 13, +992 948 21 21 12;
– шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 2А, +992 92 807 99 99;
– шаҳри Бохтар, кӯчаи Файзалӣ Саид 69, +992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28;
– шаҳри Хоруғ, кӯчаи Н. Атобек 1, +992 93 510 14 39;
– шаҳри Панҷакент, +992 92 810 05 53.
Қаблан Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 60 ҷойи кории пешбинишударо эълон карда, шаҳрвандонро ба омӯзиши забони ҷопонӣ даъват карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ