Маҳдудият дар роҳи Душанбе –Чаноқ
Дар километри 69 ва 73-и шоҳроҳи Душанбе –Чаноқ тармаи азим фаромадааст, ки дарвозаи даромадгоҳи яке аз нақбҳоро пурра пушонидааст. Дар ин бора ширкати “IRS”, субҳи имрӯз 31-уми декабр хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, “Баландиву паҳноии тармаҳои шоми имрӯз дар километрҳои 69 – 73 то ҳадде аст, ки ҳатто ба дохили галереяҳо ворид шуданд”.
Ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз дар роҳи Душанбе – Чаноқ бартарафсозии оқибатҳои тармафароӣ идома ёфта, чун ҳарвақта роҳ мунтазам бо маводи зиддилағзиш коркард шуда истодааст.
Ҳоло ҳаракати автомобилҳои сабукрав дар масир таъмин буда, каме пас гузариши автомобилҳои боркаш низ иҷозат дода мешавад.
Масъулин гуфтанд, ки раванди тоза кардани роҳро бевосита худи раҳбари ширкати “IRS” Нодирҷон Сафаров зери назорат дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ