Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо соли нави мелодии 2026 табрик гуфт
31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрик намуд.
Сарвари давлат ба ҳар як хонадони Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба кишвар пешрафту ободии бештар орзу кард.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардум рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, барномаву нақшаҳои муҳими давлатӣ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ амалӣ шуданд, дар соли 2025 ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд ва Тоҷикистон ба ҳадафҳои гузошташуда хеле наздик шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ