Мачадо ҷоизаи сулҳи Нобелро ба Трамп эҳдо кард
Мария Мачадо, раҳбари мухолифони Венесуэла, эълон кард, ки медали сулҳи Нобели худро рӯзи панҷшанбе дар як ҷаласаи хусусӣ дар Қасри Сафед ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, эҳдо кардааст.
Ин аввлвин дидори ҳузурии Мачадо бо Трамп мебошад. Ӯ гуфт: “Ба назари ман, имрӯз як рӯзи таърихӣ барои мо, венесуэлагиҳо, аст”.
Ин дидор чанд ҳафта пас аз он сурат гирифт, ки нерӯҳои амрикоӣ Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэларо дар Каракас боздошт карда, ӯро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба Иёлоти Муттаҳида бурданд.
Трамп дар як навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин иқдом изҳори қадрдонӣ карда, гуфт, ки ин “як амали фавқулода ва нишонаи эҳтироми мутақобил” аст.
Раисиҷумҳури ИМА қаблан гуфта буд, ки хонум Мачадо, ки ҷунбиши ӯ дар интихоботи баҳсбарангези соли 2024 пирӯз шударо барои роҳбарии Венесуэла пас аз Мадуро тарҷеҳ намедиҳад.
Трамп дар иваз талош кард бо Делси Родригес, раҳбари давлати муваққатии Венесуэла ва муовини собиқи Мадуро, ҳамкорӣ кунад.
Маркази сулҳи Нобел гуфтааст, ки медали ин ҷоизаро метавон ба дигарон тақдим кард, аммо унвони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобелро ҳаргиз намешавад ба касе ҳадя дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ