Марги ронанда ва мусофир дар назди Варзишгоҳи марказии Душанбе

ВКД-и Тоҷикистон аз ҳалокати як ронанда ва мусофир дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар иттилоия омадааст, ки шоми 22-юми апрел автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри», ки онро сокини шаҳри Душанбе Тураев Абубакр, соли таваллудаш 2003 меронд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба кӯчаи Сино, ҳангоми расидан дар рӯ ба рӯи майдони варзишӣ, муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», ки таҳти идораи сокини шаҳри мазкур Шарифзода Парвиз, соли таваллудаш 1993 буд, бархӯрдааст.

— Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Шарифзода П. ва мусофири он Баротов И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки мусофирони дигари он ноболиғон Баротова Ф. ва Баротов А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри» Тураев А. ва мусофири он Узакова А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *