загс

Маърифати исломӣ: Қарзи зан болои шавҳар

Тамоми воизон дар бораи қарзҳои зан дар назди шавҳар мегӯянд. Шавҳар ҳам дар назди зан ягон уҳдадорӣ дорад ё не?

АҲЛИДДИН, ноҳияи Вахш

Посух:

Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абубакри Сиддиқ хитоб карда, гуфтанд: «Эй Абубакр, агар мард бо чеҳраи кушода ба ҳамсараш нигоҳ кунад, савоби озод кардани як ғулом ба ӯ дода мешавад!». Пеш аз ҳама мард бояд бо занаш хушрафтор бошад.

Ҳаққи дуюм ин аст, ки мард ҳамсарашро ризқи ҳалол диҳад. Либосе, ки барои зан мехарад, бояд аз пули ҳалол бошад.

Сеюм: ҳамсарашро ахлоқи ҳамида омӯзонад ва чӣ будани ҳарому ҳалолро таълим диҳад. Расули Акрам фармудаанд: «Сахтарин азоб дар қиёмат он аст, ки аҳли оилаи худро ҷоҳил нигоҳ дорад». 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *