Модари ду ноболиғи фавтида низ қурбони ботулизм шуд

Тавре имрӯз ба Pressa.tj хабар доданд, модари ду ноболиғе, ки чанд рӯз пеш дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бар асари бемории ботулизм, яъне заҳролушавӣ аз консерваи бодиринг ба ҳалокат расида буданд, фавтидааст.

— Насаби ин зан Шарипова буда, 37 сол доштааст ва аз оилаи Шавкат Ашӯров будааст,- мегӯянд сокинони деҳаи мазкур.

Ҳамчунин манбаъ хабар медиҳад, ки духтарчаи ширмаки ӯ низ дар пайи хӯрдани шири модараш ба ҳолати вазнин гирифтор гардида, айни замон дар шуъбаи эҳё қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш ду ноболиғ, яке 5-сола ва дигаре 9-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бар асари гирифтор шудан ба бемории мазкур ҷон дода буданд. Модарашон бо як духтарчааш дар шуъбаи эҳёи беморхона дар ҳолати вазнин қарор дошт.

Ботулизм як бемории заҳрангез буда, то ҳол табибон доруи ин бемориро наёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *