Оғози кишти шолӣ дар Панҷакент

Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар Панҷакент нахустин шуда ба кишти шолӣ пардохтанд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, ба ин муносибат дар кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назаров бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, кишоварзони собиқадор, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шолипарварон ҷамъомад баргузор шудааст.

Раиси шаҳр кишоварзонро бо оғози кишт муборакбод намуда, таъкид доштааст, ки заминҳои соҳили дарёи Зарафшон барои рӯёнидани ҳосили баланди шолӣ мувофиқ буда, ҳар сол домани заминҳои кишти шолӣ ин ҷо бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорон ва деҳқонон, вусъати корҳои соҳилбандӣ васеъ карда мешавад ва ин кор ҳоло ки сатҳи оби дарё паст аст, бояд идома дода шавад.

— Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфиродии ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар майдони 400, дар маҷмуъ дар шаҳр дар 2500 гектар шолии навъҳои “Нукус”, “Регар”, “Девзира”, “Саразм”, “Панҷрӯд” ва ғайра кишта мешавад. Деҳқонон дар парвариши ин зироат таҷрибаи ғанӣ доранд ва соли гузашта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 64,2-сентнерӣ ҳосил гирифта буданд. Боздеҳи майдонҳои шолиро кишоварзони кордида ба 75-80-сентнерӣ мерасонанд. Ба кишоварзон дар оғози кишт  намунаи тухмии навъҳои серҳосили шолӣ, заҳрдоруҳо барои нест кардани алафҳои бегона ва касалиҳои ин зироат пешниҳод карда шуд. Дар ин боздид раиси шаҳр ҳамчунин бо кори пойгоҳи обкашии “Ғарибак”, ки киштаҳои деҳқонони деҳаи Озодагон тавассути он обёрӣ мешавад, шинос шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *