Мирзо Турсунзода – шоири сулҳу дӯстӣ. Ҳамоиши байналмилалӣ дар ДМТ

Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода 15 майи соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфересияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – Қаҳрамони Тоҷикистон ва арҷгузории Пешвои миллат ба хидматҳои шоир» доир гардид.

Дар конференсия нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳбахш – 115 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода табрик намуд. Ӯ иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд».

Сипас профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода маърӯза намуда, зикр намуд, ки «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст».

Дар конфронс намояндаи раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯз Муъминзода маърӯза намуда, иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ буда, бо эҷодиёти гаронарзишаш дар рушду нумуи адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён, саҳми бузург гузоштааст.

Ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷик Ҳафиз Раҳмон маърӯза намуда, иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст».

Зимнан, Фирӯза Турсунзода – духтари шоири маҳбуби миллат Мирзо Турсунзода, аз саҳми арзандаи падари хеш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, иброз дошт: «Дар забони падарам ҳамеша се мафҳуми муқаддас – Ватан, адабиёт ва сулҳу дӯстии байни халқҳо ҷой дошт».

Таъкид гардид, ки осори пурғановати адиб, бахусус шеърҳои саршор аз ҳисси ватандӯстӣ ва ғояҳои инсондӯстона, то имрӯз дар қалби хонандагон мақоми вижа дошта, дар тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон нақши муассир мегузорад.

Дар конфересияи байналмилалии илмию амалӣ намояндагони сафоратҳои Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *