Орзу дорам, ки хоҳишам ба инобат гирифта мешавад

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,

Ба Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
        

Муҳтарам роҳбарият, ба шумо бо эҳтиром муроҷиат мекунам ва орзу дорам, ки ин хоҳиши ман ба инобат гирифта мешавад. Ман як ронандаи одӣ ҳастам, вале таҷрибаи бисёрсола дар роҳҳои шаҳри Душанбе дорам. Ҳар рӯз ба роҳ мебароям ва вазъи ҳаракати нақлиётро бо чашми худам мебинам. Барои ҳамин хостам чанд фикру пешниҳодамро гӯям.

Дар вақтҳои охир камераҳои зиёде дар шаҳр насб карда шудаанд, ки асоси сабти онҳо ронандаҳоро ҷарима мебанданд. Хусусан ҷарима бастан барои пахши хат дар байни ронандаҳо саволҳои зиёд ба миён овардааст. Албатта, ҳама мефаҳмем, ки беҳатарии роҳ муҳим аст. Лекин мехостем равшан шавад, ки ин тадбирҳо бештар барои беҳтар шудани ҳаракат аст ё ҳанӯз ҷой барои такмил дорад?
Имрӯз қариб дар ҳама гӯшаҳои Душанбе роҳҳоро таъмир мекунанд. Роҳҳо дар баъзе ҷойҳо танг шудаанд, хатҳои роҳ на ҳама вақт дида мешаванд ё тамоман нестанд. Дар чунин ҳолат ронанда ҳамеша наметавонад хатро дақиқ риоя кунад.

Дар бисёр кишварҳо, мисли Олмон, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ пеш аз ҷорӣ кардани чунин ҷаримаҳо аввал роҳҳоро пурра дуруст мекунанд: хатҳо равшан мешаванд, аломатҳо насб мешаванд. Дар вақти таъмир бошад, ба ронандагон сабукиҳои зиёд медиҳанд, ё умуман ҷаримаро тадбиқ намекунанд.

Бо ҳамин, чанд пешниҳоди одӣ дорам:
1. Хатҳои роҳ ва аломатгузориҳодар тамоми шаҳр ба ҳолати равшан ва фаҳмо бошанд;
2. Дар вақти таъмири роҳҳо аввал огоҳӣ диҳанд, ҷарима тадбиқ нашавад;
3. Корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни ронандаҳо васеъ роҳандозӣ шавад;
4. Ҷаримаҳоро бо назардошти шароити воқеии роҳҳо баррасӣ кунанд.

Фикр мекунам, агар шароиту талабот яксон бошанд, ҳам ронандагон қоидаҳоро бештар риоя мекунанд ва ҳам натиҷаи хуб ба даст меояд.

Бо эҳтиром,

Нурулло АҲМАДЗОДА,

ронандаи соҳибтаҷриба, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *