Мулло Ҳайдар Шарифзода: Тоҷиккушӣ кори аҷнабиён буд

Мулло Ҳайдар Шарифзода — руҳонии маъруфи кишвар дар солҳои 90-ум яке аз шахсиятҳои таъсиргузори кишвар буд. Бахусус, дар вилояти Кӯлоби собиқ обрӯву нуфузи хоса дошт. Дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ низ фаъол буд. Журналисти “Тоҷикистон” Одил Нозир баъд аз 30 сол хотироти он рӯзҳоро аз эшон пурсон шуд.

Кӯлоб дар муҳосира

— Муҳтарам Мулло Ҳайдар Шарифзода, бо гузашти 30 сол аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ он рӯзҳои тақдирсозро чӣ гуна ба хотир меоред?

— Иҷлосияи тақдирсоз аз барои он мегӯем, ки дар он давра шохаҳои ҳокимият фалаҷ шуда, сохти давлатдорӣ ба як буҳрони бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дучор гардид. Мардум дар ҳоли яъсу навмедӣ қарор доштанд. Қувваҳои оппозитсионӣ, ки аз берун роҳнамоӣ мешуданд, сокинони кишварро ба гуруҳҳо ҷудо намуданд. Бародар бо бародар ҷангиду хуни мардуми бегуноҳ рехта шуд. Дар минтақаҳо кори қумондонҳо ё ба ном муҷоҳиддин ғоратгарию мардумозорӣ буд. Ҳизбу ҳаракатҳои гуногун кишварро пора карданӣ шуданд. Дар он рӯзҳо мардуми бечора азият мекашид. Бахсус дар минтақаи Кӯлоб душвориҳо пеш омад. Мо дар муҳосираи иқтисодӣ мондем. Аз гуруснагӣ садҳо нафар фавтиданд.

— Магар имкони гузаронидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар Душанбе набуд?

— Не албатта. Зеро Душанбе ноором буд. Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, чанд вакили мардумӣ ва шахсиятҳои шинохта дар пойтахт ба қатл расонида шуданд. Депутатҳо гаравгон гирифта шуда, муовини якуми раиси вилояти Кӯлоб Сайфиддин Сангов ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Бинобар ин, дар Душанбе чунин имконият набуд. Ҳукумати марказӣ ва ҳам ҳукумати муросо ба дасти ҳизби наҳзат ва мухолифин гузашт. Бинобар ин, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд баргузор шуд ва дуруст ҳам шуд, зеро хуҷандиҳо ҳам тарафдори сулҳ буданд.

30 шарти мухолифин

— Дар Иҷлосия бештар атрофи кадом масъалаҳо баҳсу мунозира мешуд?

— Муҳокимарониҳо дар Иҷлосия атрофи ҳама мавзуҳо тезутунд буд. Аз рӯзҳои аввал то ба охир. Ҳар як қарору қонун ва санаде, ки дар Иҷлосия қабул шуд, соатҳо муҳокима мешуд. Ҳар вакил озодона фикри худашро мегуфт. Мо намояндагони мардуми Кӯлоб мақсади мансабгирӣ надоштем. Манфиатҷӯй ҳам набудем. Фақат сулҳ мехостем. Осоиши кишвар хоҳиши охирини мо буд.

— Шумо дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ зидди Ҳизби наҳзати исломӣ баромад карда будед…

— Бале. Ман аз аввал зидди Ҳизби наҳзати исломӣ будам ва чанде умри боқимонда дошта бошам, дар ин ақида мемонам. Агар ҳизб ба дини Ислом лозим мебуд, аз пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в) билети ҳизбӣ ё ин ки низомнома мерос мемонд.

Аз ҳамон иҷлосияи таърихӣ ман зидди Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон будам, чунки Тоҷикистонро ба хуну хок кашиданду миллатро қариб ба парокандагӣ расониданд. Падарро ба дасти фарзанд куштанду бародарро ба дасти додар.

Ёд дорам, ки дар рафти Иҷлосия ҷониби мухолифин — наҳзатиҳо шартҳои худро иборат аз 30 банд пешниҳод намуда, гуфтанд, ки дар сурати қабул нашудани онҳо дар ҳеҷ ҳолат барои аз тарафи намояндаи ҳукумат интихоб шудани Сарвари давлат розӣ намешаванд. Шарти онҳо пазируфта шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кирдори харобкоронаю ҷинояткоронаи наҳзатиҳоро бахшид. Мутаассифона, баъди Иҷлосия низ амалҳои зишти хешро идома доданд.

Набиев. Кӣ ӯро овард ва кӣ барканор кард?

— Чаро Ҳукумати муросои миллӣ аз уҳдаи идораи давлат набаромад? Чӣ нақше дошт?

— Ҳукумати муросои миллӣ талош кард, вале бенатиҷа. Зеро неруҳои мухолиф ҷон гирифта буданд. Қувваҳои номатлубе, ки аз тарафи хориҷа пуштибонӣ мешуданд, намегузоштанд. Ин гуруҳҳо аз замоне фаъол шуданд, ки Қадриддин Аслонов ва раҳматӣ Маҳкамовро кор кардан нагузоштанд. Интихоботи демократӣ гуфтанд. Раҳматӣ Раҳмон Набиевро худашон пешниҳод карданд. Мо ҳам розӣ шудем. Халқ овоз дод. Баъд Набиевро чӣ кор карданд? Муқобил баромаданд, ки “Набиев дар деги коммунист ҷӯшидаасту хӯрдаасту сабзидааст ва ақидаи коммунистӣ дорад, бинобар ин, президент буда наметавонад”. Хайр, ақидаи коммунистӣ дошта бошад, чаро пешниҳод кардӣ? Ҳамон вақт кӣ дар тарбияи коммунистӣ насабзида буд? Набиев одами бад набуд, нагузоштанд, ки кор кунад. Ҳамонҳое нагузоштанд, ки ба қудрат оварда будандаш. Ҳамон мухолифин, ки дар атрофи ҲНИ ҷамъ омада буданд ва аз хориҷи кишвар маблағ мегирифтанд.

Тоҷик тоҷикро намекушад…

— Шумо дар суҳбат бештар аз қувваҳои хориҷӣ мегӯед. Нақши қувваҳои беруна дар ҷанги Тоҷикистон то куҷо муассир буд?

— Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пурра аз тарафи хориҷиҳо тарҳрезӣ шуда буд. Вагарна ҳеҷ гоҳ тоҷик тоҷикро намекушт. Дар суннати мардуми мо хуни ҳамдигарро рехтан нест. Ҳозир ҳам неруҳои хориҷие ҳастанд, ки нооромии Тоҷикистонро мехоҳанд. Бинобар ин, ҳамеша эҳтиёт бояд буд.

— Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт?

— Эмомалӣ Раҳмонро вакил аз Ҳисор пешниҳод кард. Вале ин интихоб ва пешниҳоди мо — мардуми шарифи Кӯлоб низ буд. Мо аз мурдан натарсида, ҷону ҷасад нагуфта, давлатро ба даҳону дандон қапидем.

Дар он шабу рӯзи бисёр ноамну душвор ҳеҷ нафаре ҷуръати сарварии давлатро бар дӯш гирифтан намекард. Ҳар касе мехост, ки бо ҷони худу пайвандон бозӣ кунад, ин маснадро бар уҳда мегирифт. Шахси боғайрат ва дурандеш, меҳандӯсту миллатдӯст лозим буд, ки бо ҷасорату ғайрати бепоён дар роҳи азнавсозии Ватан гомҳои устувор ниҳад ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшад. Вакилон дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон хислатҳои ҷавонмардонаю хирадмандонаро дида, аз тариқи овоздиҳӣ ӯро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Шукронаи Худованди азза ва ҷалла, ки баҳри наҷотбахшии миллати тоҷик аз бунбасти қашшоқию гуруснагӣ ва ноосудагӣ Сарвари ғамхору сазоворро ато кард. Сарвари тозаинтихоб барои овардани сулҳ ба чӣ мушкилоту ҳаводиси бениҳоят хатарнок дучор гардиданд. Вале ғами худро нахӯрданд, фақат миллат гуфтанду Ватан.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *