Қасри Арбоб. Ё асрори рақами 16

Қасри Арбоб. Ин бинои муҳташами таърихӣ, ки шуҳраташ сол то сол муҳташамтар мегардад, дар сарнавишти давлату миллати тоҷик нақши назаррас дорад, зеро он шоҳиди ба ҳам омадани мардум, сарҷамъии миллат ва наҷоти халқ аз маҳву нобудӣ аст.  

Асрори рақами 16

Вақте ба тамошои Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадем, роҳбалад бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифта, таърихи бино ва талорҳои онро муаррифӣ мекард.

Аз роҳрави толори асосӣ гузар карда, дар назди қатори дуюм қарор мегирам. Роҳбалад маро ҳушдор медиҳад, ки дар ин қатор дар нишастгоҳи №6 Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари имрӯзаи давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нишастаанд.

Таърихнигорон бар он ақидаанд, ки ба ҳам тавъам омадани 16 сутуни Қасри Арбоб, ба санаи 16‐уми ноябр рост омадани кори иҷлосия, 16 рӯз идома ёфтани он, дар қатори 116-ум номнавис гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил, маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16‐уми ноябри соли 1994, шуруъ аз 16‐уми ноябри соли 2016 таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Президент, баъд аз соли 1930‐юм 16‐умин роҳбари давлати Тоҷикистон шинохта шудани Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санаҳои таърихӣ бесабаб набуда, ҳар яке аҳамияти таърихӣ ва сарнавиштсозро дорост…

Имрӯз Қасри Арбоб аз осорхонаҳо иборат аст: Осорхонаи бунёдгузори ин бинои нодир Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, бунёди Тоҷикистони Шӯравӣ ва Иҷлосияи тақдирсоз. Дар умум фонди осорхона 670 нигора (экспонат) дорад, ки хеле нодир мебошанд.

Вале муроди ман аз омадан ба ин осорхона сайри таърихии он аст.

Арбобкуш чӣ тавр Арбоб шуд?

Баъди муттаҳидшавии колхозҳои Молотов ва Ворошилови ноҳияи Хуҷанд (имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро халқ ба раисии колхоз пешбарӣ намуд. Соли 1935 Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамчун вакили Президиуми умумииттифоқ аз Тоҷикистон ҳамроҳи дигар иштирокдорони конфронс аз мавзеи таърихии Қасри Петергофи шаҳри Санкт-Петербург дидан кард ва дар зеҳнаш бунёд кардани чунин як мӯъҷизаро дар Ватан парварид…

Боре ба Ӯрунхоҷаев зимни сафар аз мавзеи Арбобкуш убур кард. Аз баландии теппа тамошо кардани манзараҳои атроф ба раиси колхоз хуш омад. Раис тасмим гирифт, ки орзуяшро дар ҳамин макон ҷомаи амал мепӯшонад. Ӯ Арбобкушро ба Қасри Арбоб табдил медиҳад.  Пас аз гирифтани розигии котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз Сталинобод меъмори номӣ Ҳикмат Юлдошевро ба Хуҷанд даъват кард.

Мавлуди 65-солагии Қасри Арбоб

Тасмим гирифта шуд, ки дар теппаи Арбоб се бино: идора, клуб ва хонаи истироҳат барои колхозчиён бунёд ёбад. Дар Институти лоиҳакашии шаҳри Душанбе кор авҷ гирифт, меъморон Иван Линде ва Ҳикмат Юлдошев ба лоиҳакашӣ оғоз намуданд. Лоиҳаи ҳамҷоягии се бино моҳи ноябри соли 1950 дар маҷлиси умумии колхозчиён тасдиқ гардид. Сохтмон оғоз ёфт, аммо мушкилие дошт, басо заҳматталаб. Ҳамвор кардани теппа кори осон набуд. Кор авҷ гирифт, дар сохтмони қаср мардуми маҳаллӣ низ иштирок намуданд.

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бо оғоз бахшидан ба сохтмони қаср ҳамчунин қалбҳои намояндагони дигар халқу миллатҳоро ба ҳам пайванд кард. Сергей Захаров ва ҳамсараш Мария аз шаҳри Санкт‐Петербург ҳамчун рассом дар ороиши бино ва сақфи толорҳои чойхона, Марк Плоткини рус ва Валентин Раглиси латвонӣ ба ҳайси барқчӣ, Қосим Абдувалиевичи тотор ҳамчун хокшиносу заминшинос, Лев Дорн ва Давид Келни немис ҳамчун мутахассиси шабакаҳои гармкунӣ ва ороиши панҷараҳои атроф дар сохтмони Қаср саҳм гирифтанд.

Санаи ҳумоюнии 6‐уми ноябри соли 1957 теппаи Арбоб ба идҷои бузурги халқӣ табдил ёфт. Бинои Қасри маданияти Арбоб ифтитоҳ ёфт. Яъне имсол 65-солагии бунёди Қасри Арбоб аст.

Ёр аҳл — кор саҳл

Қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар Қасри Арбоб тариқи ҳашар сурат гирифтааст. Маҳз ба тариқи ҳашар бунёд шудани Қасри маданият боиси сарфаи маблағи калони давлат гардид, ки дар ин ҷода низ саҳми Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бениҳоят калон буд.

Сараввал аз рӯи лоиҳа ба сохтмону ҷиҳозонидани Қаср камаш 50 миллион сӯм сарф мешуд, аммо чашмикордониву хирадмандии раиси колхоз боиси сарфи ҳамагӣ 12 миллион сӯм гардиду бас.

Нақшу нигори дохили қасрро метавон шоҳкории санъати меъморию ороишии халқ ном бурд. Дар ҳақиқат, ороиши бино намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ аст.  

… Дар арафаи баистифодадиҳии сохтмони бинои Қасри Арбоб Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз устоҳои маҳаллӣ пурсон мешавад, ки бар ивази маҳсули меҳнаташон ҳар талабе, ки дошта бошанд, ба иҷро мерасонад. Устоҳо аз раиси колхоз хоҳиш менамоянд, ки бар ивази меҳнаташон номнавис кардани ному насабашонро дар наздикии маҳали кор иҷозат диҳанд. Имрӯз номи устоҳои чиррадаст — наққоши мониқалам Мақсуд Солиев, кандакорони авлодӣ, падару писар Устоочил ва Абдуқаҳҳор Фаёзовҳо, рассомони номӣ Раҳимшех Раҷабов, Шодмонбек Отабеков, Абдурауф Аминҷонов ва дигарон, ки дар деворҳои қаср ҳаккокӣ шудааст, дар баробари бунёдгузори ин қаср Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҷовидон аст…

Идибеки САИД,

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *