Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Ваҳид Ҷалолзода
Ба иттилои АМИТ «Ховар» рӯзи 9 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ваҳид Ҷалолзода дидору мулоқот анҷом доданд.
Ба гуфтаи манбаъ ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва консулиро баррасӣ кардаанд.
Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории дӯстона байни ду кишвари бародар изҳори омодагӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ