Гулистони Гули Зард
Хабари даргузашти Гули Зард – рӯзноманигор, нависанда ва шоири маъруф бисёр андӯҳгинам кард, зеро ин зани пурэнержӣ ва ҷасуру берун аз ҳама қолабро солҳост, ки мешинохтам. Эшон маро бародарвор дӯст медошт ва ман ҳам эҳтимромашро ба ҷо меовардам.
Гули Зард ба танҳоӣ як расона, як китоб, як достон ва як румон буд. Ӯ гулистоне буд иборат аз як Гули Зард.
Ба ҳар маҳфилу маҷлис меомад, шӯр меангехт, ҳамаро механдонд, хурсанд мекард, оҳиста дарди дил мекард ва роз мешунавид…
То ҷое медонам, Гули Зард дар зиндагӣ азобҳои зиёде кашида буд, вале мардонавор ҳамаро пушти сар кардаву ҳеҷ гоҳ пеши касе аз зиндагӣ шикоят намекард…
Ӯ як муҳаррик буд. Касоне, ки саҳифаҳои иҷтимоиаяшро пайгирӣ мекунанд, медонанд, ки як рӯз дар Кӯлоб буду пагоҳ дар Петербург, рӯзи дигар дар Самарқанду субҳи дигар дар Дубай, лаҳзае дар Амрикову рӯзи дигар дар Москва…
Дар ҳар куҷое набошад, журналист буданашро фаромӯш намекард. Дар ҷустуҷӯ буд. Аз дарди беморе менавишту барои табобаташ пул ҷамъ мекард, аз мушкили роҳи маҳаллае мегуфту ба таъмири он мекӯшид, аз норасоии об менавишту мушкили ташнагонро рафъ мекард. Ӯ чунин инсон буд…
Гули Зард оташ буд! Тӯфон буд! Туғён буд! Дар баробари ин меҳрубон буд! Модар буд!
Гули Зард барои гуфтани ҳақиқат аз чизеву касе намеҳаросид! Бисёр ғаюру ҷасур буд.
Ёдаш ба хайр! Ҷояш ҷаннат бошад!
Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ