Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Тедрос Адханом Гебрейесус

26 ноябри 2018 дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женева мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири  кулли он Созмон Тедрос Адханом Гебрейесус доир гардид.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, ки зимин мулоқот мусоҳиб аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тандурустӣ огоҳ гардид. Ҳамзамон ба Мудири кулл пешниҳодҳои мушаххас роҷеъ ба ҳамкории оянда, аз ҷумла  аҳамияти ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи реформаи хизматрасонии тиббӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ, коҳиши фавти модару тифлон ва монанди онҳо пешниҳод гардиданд.

Ба Созмон пешниҳод шуд, то дар иқдомҳои Тоҷикистон марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 саҳм гирад.

Бо чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Афғонистон пешниҳод шуд, ки Созмон аз имкониятҳои низоми тиббии кишвари мо васеъ истифода барад.  Бо дарназардошти ягонагии забон ва мавҷудияти кадрҳои баландихтисос дар Тоҷикистон ба Созмон пешниҳод гашт, то лоиҳаҳои сеҷонибаро таҳия ва роҳандозӣ кунад.

Дар навбати худ Мудири кулл аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Пешниҳодҳои Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасии он Созмон қарор хоҳанд гирифт. Ба имкониятҳои кишвари мо барои рушди соҳаи тандурустӣ дар Афғонистон алоҳида тамаркуз карда шуд.

Дар охири суҳбат ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои тадбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *