10 ҳазор сарбоз дар пахтачинӣ

Сарфи назар аз он ки дар пахтазорҳо дигар пахта боқӣ намондааст, даҳҳо ҳазор сарбози неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар ноҳия Оқолтини вилояти Сирдарё пахтачинӣ мекунанд. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ноҳия хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин рӯзҳо дар пахтазори ноҳияи мазкур то 10 ҳазор сарбоз ҳузур доранд.

Як сарбоз аз қисми ҳарбии Бухоро гуфт, ки сар аз 20 сентябр дар майдони пахтаи ноҳияи Оқолтин аст. «Ба мо гуфтанд, ки то 5 декабр дар саҳрои пахта боқӣ мемонем. Ҳоло ҳаво сард шудааст, дар замин тақрибан пахта нест. Як нафар дар як рӯз ҳамагӣ то 2-3 кило пахта мечинад», — гуфт сарбоз.

Ба иттилои вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, дар ин кишвар ҳамасола 30-35 ҳазор ҷавон ба хизмати сарбозӣ даъват мешавад. Дар ҳоли ҳозир шумори неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон тақрибан ба 48 ҳазор сарбоз мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *