Муъминобод: Аз рушди назарраси маориф то кишоварзиву сайёҳӣ

Ноҳияи Муъминобод яке аз ноҳияҳои сайёҳии Тоҷикистон семоҳаи аввали имсолро бо нишондодҳои мусбат љамъбаст намуд. Зимнан, бояд зикр намоем, ки соҳаи маориф дар ин ноҳия дар семоҳаи гузашта нақши меҳварӣ доштааст.

Маориф афзалиятнок аст

Дар ноҳияи Муъминобод 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 3 муассисаи томактабӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар маҷмуъ 65 муассисаи таълимӣ ва 55 Марказҳои инкишофи кўдак фаъолият доранд.

Дар соли ҷорӣ теъдоди омўзгорон ба 1664 нафар расидааст, ки аз онҳо 685 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи вилоятӣ 60 медал, аз ҷумла 15 медали тилло, 12 медали нуқра, 38 медали биринҷӣ ва 38 ҷойи ифтихориро сазовор гардидаанд.

Аз шумораи 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки аз фанҳои дақиқ роҳхат гирифтаанд, Хошифзода Муҳаммадҷони Диловар — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 аз фанни математика сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло гардидааст. Саидзода Робиямо Ҷумамурод — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 аз фанни химия сазовори ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ гардида, барои олимпиада аз фанҳои гуманитарӣ хонандагон омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Саидмуҳаммад Иброимов, фаъолияти ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия қаноатбахш буда, аз ҳисоби муассисаҳои иловагӣ Расулов Маҷид дар озмуни “Роҳбари маҳфили беҳтарин” дар вилоят соҳиби ҷойи 1-ум гардидааст. Инчунин, Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Муъминобод дар озмуни “Чароғаки роҳнамо” ғолиб омадааст.

Тавре мудири шуъбаи маориф иттилоъ дод, айни замон дар ноҳия сохтмони 7 муассисаи таълимӣ — №5, 7, 10, 12, 33, 37 ва 54 идома дорад. “МТМУ №12 аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ барои 360 хонанда дар як баст то оғози соли нави хониш пурра ба истифода дода мешавад. Инчунин, то оғози соли хониши 2022-23-юм 4 синфхонаи иловагӣ бо ташаббуси мудири шуъбаи маориф сохта ба истифода дода мешаванд”,- мегӯяд ӯ.

Рушди иқтисодӣ

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ дар семоҳаи соли 2022 мардуми шарафманди ноҳия аз имконияту захираҳои дохилӣ истифода намуда, нақшаи даромади буҷети маҳаллиро 100,6 фоиз таъмин намудаанд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 22 ҳазору 449 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 67 ҳазору 96 сомонӣ зиёд аст.

Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 9 миллиону 469 ҳазору 500 сомонӣ расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳамин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Дуоб-Р» — 4,9 тонна маҳсулоти ширӣ, «Шифо-чой» — 7350 дона қуттии шифочой, «Мурғи Муъминобод» истеҳсоли гӯшти парҳезиро ба 187,5 тонна, «Заркорон» истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавотро ба 540 ҳазор қуттии шартӣ расонидаанд.

Соҳаи кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории ноҳияи Муъминобод саҳмгузор мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда тараққиёти воқеии ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 40 миллиону 184 ҳазору 100 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 426 ҳазору 500 сомонӣ зиёд, ба 103,7 баробар аст. Ин ба соҳаи растанипарварӣ 128 ҳазор ва ба соҳаи чорводорӣ 40 миллиону 56 ҳазору 100 сомонӣ рост меояд.

Корҳои назаррас дар самти тандурустӣ

Дар ноҳияи Муъминобод 3 беморхона, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 1 Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 21 Марказҳои саломатии деҳотӣ, 32 бунгоҳи тиббӣ, 6 Марказҳои соҳавӣ ва 1 шуъбаи дезинфексионӣ фаъолият доранд. Ба аҳолӣ 65 нафар духтурон, 708 нафар кормандони миёнаи тиб хизмати тиббӣ мерасонанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Мутахассисони Марказ дар асоси нақшаи корӣ ва талаботҳои моддаи 110-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолиятҳои субектҳои хоҷагидор» аз болои нуқтаҳои таҳти назоратбуда санҷишҳои санитарӣ бурда истодаанд.

Даъват ба сафи Артиши миллӣ

Бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2022, №352 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” дар ноҳияи Муъминобод нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардида, ба комиссариати ҳарбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои иҷро ирсол гардидааст.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо падару модарон ва даъватшавандагон нақшаи даъвати баҳорӣ, ки 105 нафарро ташкил медод, пеш аз муҳлат, 5-уми майи соли 2022 ба иҷро расонида шуд. Зимнан, бояд хотирнишон сохт, ки фарзанди муовини раиси ноҳия Сомони Абдураҳими Зарифӣ ариза навишта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, айни замон дар қисми ҳарбии 13-483-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Восеъ хизмати Ватан-Модарро адо карда истодааст.

Корҳои ободонӣ

Ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия аз меҳнати самараноки кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» вобастагии калон дорад. Дар ин корхона баҳри иҷрои корҳои ободонӣ, тозагии марказ ва даромадгоҳи ноҳия 45 нафар кормандон машғули кор мебошанд, ки 26 нафарашонро занҳо ташкил менамоянд.

Дар ҳамин давра 460 метри мукааб партовҳо кашонида шудааст, ки 377 мукааб ба соҳаи ободонӣ, 36 метри мукааб ба соҳаи хусусӣ ва 47 метри мукааб ба ташкилоту муассисаҳо рост меояд. Хизматрасонӣ дар корхона тибқи талаботи шартномабандӣ ба роҳ монда шуда, 14616 адад шартнома баста шудааст.  Бо мақсади ободу зебо гардонидани кўчаҳои маркази ноҳия 200 бех ниҳолҳои ороишӣ, 1250 бех гули садбарг, 18000 бех гулҳои мавсимӣ ва 1800 адад гулҳои лола шинонида шудааст.

Сайёҳӣ рушд мекунад

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

То имрўз дар ноҳия харитаи сайёҳӣ, 2 лавҳаҳои ахборотдиҳӣ, як маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 тарабхона, 3 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 2 ширкати сайёҳӣ ва дигар имкониятҳои сайёҳӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта имкониятҳои сайёҳии сохташуда ба маротиб зиёд мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 4853 нафар сайёҳон аз мавзеҳои нодири ноҳия дидан намудаанд, ки 23 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Сайёҳон имкон доранд аз Қалъаи Муъминобод, ки ёдгории беназир маҳсуб меёбад, дидан намоянд. Инчунин мавзеҳои истироҳативу таърихӣ, аз қабили Қалъаи Мир, маркази сайёҳии куҳистони Чилдухтарон, зиёратгоҳи мақбараи Шоҳи Хомӯш, мақбараи Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, мақбараи Хоҷаи Нур, хонамузейи Соҳиб Табаров ва осоишгоҳу дигар ёдгориҳои таърихӣ барои сайёҳону меҳмонон тамошогоҳу истироҳатгоҳи аъло буда метавонанд.

Раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия Шариф мутмаин аст, ки барои сазовор таҷлил намудани санаҳои муҳими оянда аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода намуда, ҳама якҷову содиқона ва софдилона заҳмат кашида, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва пешрафти ноҳия саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Исматулло СОБИРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.