Набераи президент президенти кӯҳнавардон шуд

Нуралӣ Алиев, набераи калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев президенти Федератсияи куҳнавардон ва варзиши куҳнавардӣ интихоб шуд. Алиев дар гузашта муовини ҳокими шаҳри Остона буд.
Сомонаи федератсияи куҳнавардӣ хабари ба ин мақом интихоб шудани набераи президентро 27 июл нашр кардааст. Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева — духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки аз моҳи декабри соли 2014 то марти 2016 муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Моҳи апрели соли 2016 номи Алиеви 32-сола дар «бойгонии Панама» — нашри иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкии сиёсатмадорон ва тоҷирон дар офшор, пайдо шуд. Дар бархе аз кишварҳо нашри ин иттилоъ боиси ҷанҷолҳо ва истеъфоҳо шуд. Дар Қазоқистон иттилои мазкур ҳеч сару садое барпо накард. Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки аз рӯи ин қазия таҳқиқро оғоз накардааст, зеро «далелҳои муътамаде дар бораи манбаи иттилои мазкур вуҷуд надоранд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *