Бадеҳаи Далер Кутузов ва Далер Хонзода (ВИДЕО)

Овозхонҳои шинохтаи Узбекистону Тоҷикистон Далер Хонзода ва Далер Кутузов таронаи машҳури «Лайлиҷон”-ро бозхонӣ кардаанд. Клипи ин тарона дар Самарқанд сабт шудааст.

Овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистону Узбекистон Далер Хонзода ва Далер Кутузов рӯзи 30 июл клипи нави худ бар таронаи машҳури «Лайлиҷон”-ро пешкаши тамошобинон карданд.

Клипи ин тарона дар Самарқанди бостонӣ сабт шудааст ва ҳарду овозхон ва ҳамин тавр, дастаи навозандагонашон дар ин клип бо либосҳои афғонӣ намои ҳунар мекунанд.

Таронаи «Лайлиҷон” яке аз маъруфтарин таронаҳои тоҷикист, ки онро тақрибан ҳамаи ситораҳои Тоҷикистону Афғонистон бозхонӣ кардаанд. Яке аз намунаҳои аз ҳамаи маъруфи ин тарона ҳамонест, ки овозхони шӯҳратёри афғон Аҳмад Зоҳир иҷро кардааст.

Далер Хонзода ва Далер Кутузов аз намояндагони алакай насли имрӯзаи эстарадаи тоҷику узбеканд, ки «Лайлиҷон”-ро бозхонӣ карданд.

Далер Хонзода 1 апрели соли 1989 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1993, вақте ҳамагӣ 4 сол дошт, хонаводаи онҳо ба Самарқанди Узбекистон кӯчид. Ӯ мактаби миёна, сипас литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, аз соли 2011 дар гурӯҳи ҳунарии «Саҳро” ба фаъолият оғоз кард. Ҳамон сол ҷоизаи «Кашфиёти сол”-и M&TVA awards-ро ба даст овард ва дар радифи ситораҳои раддаи аввали Узбекистон ҷо гирифт. Баъди тарки гурӯҳи «Саҳро” Далер Хонзода мустақилона ҳунарнамоӣ мекунад.

Далер Кутузов 25 январи соли 1987 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, риштаи ҳунари Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Далер Кутузов аз сарояндагони матраҳ дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *